Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Рӯзе мо назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногоҳ марде зоҳир шуд, ки дар тан либосҳои бисёр сафед ва мӯйи сари бисёр сиёҳ дошт ва ҳеҷ асаре аз сафар (гард ва ғубор) бар ӯ дида намешуд ва касе аз мо низ ӯро намешинохт. Ӯ назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳои худро бар зонуҳои он ҳазрат расонида кафҳои дастонашро болои ронҳояш гузошт ва гуфт: "Эй Муҳаммад маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) гуфт:" Ислом ин аст, ки: шаҳодат бидиҳӣ нест маъбуде барҳақ ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, намозро барпой дорӣ, закот бидиҳӣ, рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар тавонои онро дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: "Мо аз он мард таъаҷҷуб кардем, ки худ суол мекунад ва боз мегӯяд: "Рост гуфтӣ". Он мард боз аз Паёмбари Худо пурсид: "Маро аз имон хабар бидеҳ?". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират имон дошта бошӣ, ҳамон гуна, ки ба тақдир ва неку бади он имон дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ ва сипас гуфт: маро аз эҳсон хабар бидеҳ?" Паёмбари Худо гуфт: "Эҳсон он аст, ки Худоро онгуна бипарастӣ, ки гуё Ӯро мебинӣ, агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад". Он мард гуфт: "Аз (омадани) рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Паёмбари Худо гуфт: "Дар ин маврид шахсе, ки аз ӯ суол мекунед донотар аз суолкунанда нест". Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро бигӯ!" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат ин аст, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд ва фақирони луч ва пойбараҳна, ва чӯпононро бубинӣ, ки дар қасру баландошёнасозӣ бо ҳам сабқат кунанд". Сипас он мард бархост ва аз назди мо рафт. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз андаке аз ман пурсид: "Эй Умар! Оё медонӣ ин марди суолкунанда кӣ буд?" Умар гуфт: "Худо ва паёмбараш беҳтар медонанд" Паёмбари Худо Гуфт: "Ӯ Ҷабраил аст, омада буд то барои шумо динатонро биомӯзад".