- Исботи шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи қиёмат ва инки шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фақат барои яктопарастон аст.
- Шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки Паёмбари Худо аз даргоҳи Худованд истидъо (тавассул) мекунад то муваҳидоне ки сазовори дӯзах шудаанд ба онҷо ворид нашаванд ва ё он муваҳидоне, ки дохили дӯзах шудаанд аз он берун карда шаванд.
- Фазилати аз самими қалб ба забон овардани калимаи тавҳид ва асари бузурги он.
- Калимаи тавҳид пас аз донистани маънои он ва амал кардан ба муқтазои он таҳаққуқ меёбад.
- Фазилати шахсияти Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ва эҳтимоми ӯ ба илм.