Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
رواه مسلم
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло худ фармудааст, ки пок аз ҳар гуна шарик аст, Ӯ Таъоло аз ҳама чиз бениёз аст, агар банда амалеро барои Худо ва дар айни ҳол барои ғайри Худо анҷом диҳад, Аллоҳ ӯро раҳо намуда аз ӯ намепазирад ва амалашро ба соҳибаш бармегардонад, Амал бояд танҳо барои ризои Худованд бошад, зеро Ӯ Таъоло танҳо амалеро мепазирад, ки фақат барои Ӯ Таъоло анҷом дода мешавад.
Hadeeth benefits
Ҳушдор аз воқеъ шудан дар ширк, ки он монеъи қабул шудани амалҳо аст.
Эҳсоси азамат ва бениёзии Худованд дар худ, зеро он ба инсон кӯмак мекунад дар амалҳои худ ихлос дошта бошад.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others