Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти с...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди фазилати қиёми шаби қадр, ки дар даҳаи охири рамазон аст, хабар дода фармудааст, ки ҳар кӣ онро аз...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: “Касе барои ризои Худ...
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки ҳар касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби "рафас" нашавад, яъне...
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек наз...
Паёмбар (Салому дуруди аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки амали нек дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа беҳтар аз дигар рӯзҳои сол аст. Саҳобагон (Худ...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки Худованд ба ҷисм ва чеҳраи бандагон наменигарад, ки зишт аст ва ё зебо? Тани бузург дорад...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфта...
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро амр фармуданд то аз ҳафт гуноҳи ҳалоккунанда дурӣ ҷӯянд. Чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад"

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: “Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона (Даҳаи моҳи зилҳиҷҷа), гуфтанд: эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: "Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо баромад ва чизе аз онро барнагардонид".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".

Аз Ҷубайр ибни Мутъим (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунид ки мегуфт: "Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад вориди биҳишт намешавад".

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад".

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд"

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ" Гуфтанд: агар ончи мегӯям дар бародарам бошад чӣ? Гуфт: "Агар ончи мегӯи дар ӯ бошад, ӯро ғайбат кардаи ва агар ончи мегӯи дар ӯ набошад бар ӯ тӯҳмат задаи".

Аз Ҳузайфа (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мефармуд: "Суханчин вориди биҳишт намешавад".

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд"

Аз Абубакра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".