Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки беҳтарини мусалмонон ва волотарини онҳо назди Аллоҳ касе аст, ки тиловат, ҳифз, тартил, фаҳм ва...
Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон...
Саҳобагони Паёмбар (Худованд аз онҳо розӣ бод) даҳ оятро аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифта ва пас аз амал кардан ба он б...
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад,...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар мусалмоне, ки ҳарфе аз китоби Худо бихонад як ҳасана хоҳад гирифт ва савоби ӯ барояш то даҳ...
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақт...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) подоши се оят, ки дар намоз хонда мешавадро беҳтар аз он донистаанд, ки касе дар хонаи худ се шутури ҳомиладор...

Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад".

Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: (алиф, лом, мим), як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст".

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?"Гуфтем: Оре. Фармуд: "се ояте, ки шумо дар намоз мехонед, беҳтар аз се шутури ҳомиладори фарбеҳ аст".

Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст".

Аз Убай ибни Каъб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом ояте аз китоби Аллоҳ, ки фаро гирифтаи, бузургтар аст?" Абумунзир мегӯяд: гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир"

Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".

Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард.

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест".