Аз Абумарсади Ғанавӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо н...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз нишастан бар қабрҳо наҳй фармуданд. Ҳамчунин аз намоз хондан ба сӯи қабрҳо наҳй фармуданд, яъне қабр дар...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мег...
Инҷо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди илоҷ ва дармони судманд бар саволҳои васвасаомези шайтон бар муъмин огаҳ сохтааст. Шайтон мег...
Аз Маъқил ибни Ясори Музанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд ҳар...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе Аллоҳ ӯро ҳоким ва масъул қарор додааст, чи масъулияти бузурге бар дӯш дорад, монанди ҳ...
Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки дар хонаи ман ин суханро гуфт: "Худоё ҳар...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касе ки масъулияте аз умури мусалмононро бар уҳда гирад - кучак бошад ё бузург, масъулияти баланд бошад...
Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳ...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд ки дин бар асоси ихлос ва садоқат пойдор аст, пас бояд ҳамон гуна, ки Худованд дастур додааст, б...

Аз Абумарсади Ғанавӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".

Аз Маъқил ибни Ясори Музанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст".

Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки дар хонаи ман ин суханро гуфт: "Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош".

Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"

Аз Абусаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: «Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст».

Аз Абумасъуди Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"

Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст".

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Зиёдаравон ҳалок шуданд" ва Паёмбари Худо ин суханро се бор такрор намуданд.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст, ва фармуд: Арши Худованд болои об буд".

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд. Сипас чиҳил рӯзи дигар ба хунпора табдил меёбад, пас аз он чиҳил рӯзи дигар ҳамчун гӯштпора. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба навиштани чаҳор чиз: ризқ, марг, амал ва инки ӯ бадбахт аст ё хушбахт, амр шуда, дар ӯ рӯҳ дамонда мешавад. Савганд ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва ҷаннат ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали дӯзахиёнро анҷом дода, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ҳамин гуна яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва дӯзах ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад".