Аз Ҳаким ибни Ҳизом (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Оё барои амалҳое, ки дар замони ҷоҳилият ба қасди ибодат а...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мефармоянд, ки кофир агар ислом бипазирад, барои амалҳои нек, ки пеш аз Ислом анҷом додааст, ба монанди с...
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд мӯъмини некӯкорро зу...
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) лутфи бузурги Худовандро бар мӯъминон ва адлаш бар кофиронро баён медорад. Аз подоши амалҳои неки мӯъми...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда г...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигор ривоят мекунад, ки агар банда гуноҳ кунад ва сипас бигӯяд: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худ...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири о...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованди мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва бандагонро ташвиқ м...
Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт -ва Нуъмон ду ангу...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси мазкур як қоидаи умумиеро баён намуданд, ки дар шариати мо тамоми ашё ба се даста тақсим мешаванд:...
Аз Ҳаким ибни Ҳизом (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Оё барои амалҳое, ки дар замони ҷоҳилият ба қасди ибодат анҷом медодам, ба монанди садақа, озод кардани ғулом ва робитаи хешутаборӣ, подош хоҳам гирифт? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд".
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва мефармояд: "Чӣ касе Маро мехонад то ӯро иҷобат кунам? Кӣ аз Ман талаб мекунад то ба ӯ ато кунам? Чӣ касе аз Ман омӯрзиш мехоҳад то ӯро биёмурзам?"
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад".