Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон дар даруни ҳар яке аз шум...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш д...
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худр...
Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки вақте ба бистари хоб мерафт ду кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда ба боло меба...
Аз Самура ибни Ҷундуб (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор...
Аз Абуаюб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло ш...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки ҳар кӣ бигӯяд: "Ло илоҳа иллоллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд ва ҳува...
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад".
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад".
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад".