Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд: "Субҳоналлоҳи-л-ъазим" ва
"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".
متفق عليه
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ду калима фармуданд, ки инсон ба осонӣ ва дар ҳар ҳолате метавонад ба забон оварад, подоши онҳо дар мизон бисёр бузург аст ва Худованд он ду калимаро дӯст медорад:
"Субҳоналлоҳил-азим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи", дар ин ду калима васфи Худованд ба азамат ва камол ва танзиҳи Ӯ Таборак ва Таъоло аз навоқис аст.
Hadeeth benefits
Бузургтарин зикр ҳамон аст, ки танзиҳ ва ситоиши Аллоҳ дар он ҷамъ оянд.