Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазо...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳукми дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон ва таън бар обрӯйи ононро баён фармуда ин амалро берун аз ахлоқи мус...
Аз Абуаюби Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се р...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қаҳрӣ кардан бо бародари мусалмони худ бештар аз се рӯз наҳй кардаанд, яъне чун бо ҳам вомехӯранд салом нам...
Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод ) фармуданд: "Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъ...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду чиз хабар додааст, ки агар мусалмон ба он пойбанд бошад, вориди биҳишт мешавад. Якум: ҳифзи...
Аз Усома ибни Зайд (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод фармуд: "Ман пас аз худ барои мардон озмоише зиё...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки пас аз худ фитна ва озмоише барои мардон боқӣ нагузоштааст, ки зиёновартар аз фитнаи занон б...
Аз Ъуқба ибни Ъомир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он по...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки муҳимтарин ва сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки ба сабаби он...

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд".

Аз Абуаюби Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад".

Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод ) фармуданд: "Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".

Аз Усома ибни Зайд (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод фармуд: "Ман пас аз худ барои мардон озмоише зиёновартар аз занон боқӣ нагузоштам"

Аз Ъуқба ибни Ъомир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд".

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст".

Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".

Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Муъмин бо ахлоқи нек мақоми шахси рузадори шабзиндадорро дармеёбад".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд".

Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".

Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) некуахлоқтарини мардум буд.