Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди каф...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯянд, биҳишт ва дӯзах ба андозаи банди кафшҳо, ки пушти пой аст, ба инсон наздик аст, чун мумкин аст инсон...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо но...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки дӯзах бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсон ба он майл дорад, монанди корҳои ҳаром ва кӯт...
Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид,...
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид Ҷибраил (Алайҳис-салом)-ро гуфт: бирав ва ба о...
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи д...
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки оташи дунё танҳо як бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст, қуввати гармии оташи дӯзах шасту...
Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳа...
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз амакаш Абутолиб, ки дар ҳолати марг буд, хоҳиш кард "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд то ӯро дар рӯзи қиёмат...

Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".

Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом) -ро ба биҳишт фиристод ва ба ӯ гуфт: биҳишт ва ончи барои бошандагони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид ва баргашту гуфт: савганд ба иззати Ту ҳар касе сифати онро шунавад шефтаи он мешавад. Сипас Худованд фармуд то атрофи он бо сахтӣ ва душвориҳо печонида шавад. Боз Худованд ба Ҷабраил гуфт: бирав биҳишт ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар кард ва дид, ки атрофи он бо сахтиҳо ва мушкилот печонида шудааст, гуфт: ба иззати Ту қасам, аз он метарсам, ки касе ба онҷо дохил нашавад. Худованд гуфт: бирав дӯзах ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба дӯзах назар кард, дид оташ болои ҳам аланга мезанад, баргашт ва гуфт: ба иззати Ту қасам касе ба он дохил намешавад. Худованд амр фармуд то атрофи он бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шавад. (Худованд) гуфт: баргард ва ба он назар кун. Ҷабраил дид дӯзах бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шудааст, баргашт ва гуфт: Қасам ба иззати Ту метарсам касе аз он наҷот нахоҳад ёфт".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"

Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам". Гуфт: агар таънаи Қурайш бар ман намебуд ва аз сухани онҳо, ки ӯро тарс ба ин кор водошт, эмин мебудам, бо (гуфтани) он чашмонатро равшан мекардам. Худованд ин оятро нозил фармуд: ([Эй паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад (Қасас: 56))

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"

Аз Абусъаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ­­, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"

Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".

Аз Абумусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят оварда мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад".

Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде пурсид: Эй Расули Худо: Оё барои ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додаем, пурсида хоҳем шуд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони сағира (хурд)). Ва касе дар ислом муртакиби кори баде шуд (ва аз динаш баргардад), барои ончи дар ҷоҳилият ва ҳам барои ончи пас аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, бозхост хоҳад шуд".