- Шахси оқил бояд ҳарчи зудтар тавба кунад ва агар ба зулмаш идома диҳад худро аз макри илоҳӣ дар амон надонад.
- Аллоҳи Мутаъол ба ситамгарон мӯҳлат медиҳад ва дар азобашон шитоб намекунад, то бештар гирифтори иғво ва дучанд шудани азобашон гардад, агар тавба намекунанд.
- Зулм яке аз сабабҳои муҷозоти мардум аз ҷониби Аллоҳ аст.
- Агар Аллоҳ қавмеро ҳалок кунад, ки мумкин аст миёни онҳо некӯкорон бошад, ба онҳо зиёне дар рӯзи қиёмат нахоҳад буд, зеро онҳо бар асоси некӣ ва салоҳ, ки дар он буданд ҳашр хоҳанд шуд.