- Боварӣ ва имон доштан бар онки биҳишту дӯзах ҳоло вуҷуд дорад.
- Имон ба ғайб ва ба ҳар ончи аз ҷониби Худованд ва Паёмбараш (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, воҷиб аст.
- Аҳамияти сабр бар сахтиҳо, зеро он роҳи расидан ба биҳишт аст.
- Аҳамияти дурӣ ҷустан аз муҳаррамот, зеро он роҳи дӯзах ба рӯи бандаро мекушояд.
- Роҳи расидан ба биҳишт бо сахтиҳо ва аз дӯзах бо шаҳавот сохта шудааст, ки ин худ як имтиҳон ва озмоиш дар зиндагии дунёст.
- Роҳи расидан ба биҳишт бисёр сахт ва пурмашаққат аст, ки сабру бурдборӣ ва имондориро тақозо мекунад. Аммо роҳи расидан ба дӯзах ҳавову ҳавас ва шаҳавот аст.