- Ин ҳадис далел бар ҳаром будани дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон аст.
- Тарк ва худдорӣ аз дашном ба мурдагон барои дар назар гирифтани зиндагон ва ҳифзи ҷомеа аз душманӣ ва кинаварзӣ аст.
- Ҳикмати наҳй аз дашном ба мурдагон ин аст, ки онҳо ба натиҷаи аъмолашон расидаанд ва дигар дашном додан ба онон суд нахоҳад бахшид, балки сабаби озори наздикони онҳо ки зинда ҳастанд, мегардад.
- Инсон набояд ончи дар он манфиат набошад ба забон орад.