- Таҳорат (покӣ) ду навъ аст: таҳорати зоҳирӣ, ки бо обдаст ва ғусл ба амал меояд ва таҳорати ботинӣ (дарунӣ), ки бо тавҳид, имон ва амали нек ба даст меояд.
- Аҳамияти пойбанд будан дар намозҳо, ки он дар дунё ва охират нуре барои банда хоҳад буд.
- Садақа нишонаи сидқи омин аст.
- Аҳамияти амал кардан ба Қуръон, то ҳуҷҷате барои ту бошад на бар алайҳи ту.
- Агар нафси худро ба тоъат машғул насозӣ, туро ба гуноҳ ва маъсият машғул хоҳад сохт.
- Ҳар як инсон бояд амал кунад, ё худро бо тоат ва ибодат кардан озод мекунад ё бо маъсияти кардан гирифтори азоб.
- Сабр таҳаммул ва истиқоматро тақозо мекунад, ки албатта сахтиҳо дарбар дорад.