Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст".
رواه النسائي وأحمد
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки мисвок задани дандонҳо бо чуби дарахти арок ва дарахтони дигари ҳаммонанди он, даҳонро аз чирк ва бӯйҳои нохуш пок мекунад. Мисвок задан яке аз сабабҳои хушнудии Парвардигор аст, ки дар он тоат аз Аллоҳ ва пайравӣ аз фармудаҳои Ӯ Таъоло аст, зеро покӣ ва назофат худ аз амалҳои маҳбуби Худованд аст.
Hadeeth benefits
Фазилати мисвок задан ва ташвиқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худ барои бисёр анҷом додани он.
Барои мисвок истифода аз чуби дарахти арок беҳтар аст ва истифода аз хамирдандон низ боке надорад.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others