Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва мефармояд: "Чӣ касе Маро мехонад то ӯро иҷобат кунам? Кӣ аз Ман талаб мекунад то ба ӯ ато кунам? Чӣ касе аз Ман омӯрзиш мехоҳад то ӯро биёмурзам?"
متفق عليه
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованди мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва бандагонро ташвиқ мекунад, ки Ӯро дуо кунанд, зеро ҳар касе Ӯро дуо кунад, дуояшро иҷобат мекунад, ва ононро ташвиқ мекунад, ки ҳарчи мехоҳанд аз Ӯ талаб кунанд, зеро ҳар касе аз Ӯ талаб кунад ба ӯ ато мекунад, аз онон мехоҳад, ки аз Ӯ талаби омӯрзиш кунанд, зеро Ӯ бандагони мӯъмини худро мавриди мағфират ва омӯрзиш қарор медиҳад.
Hadeeth benefits
Фазилати сеяки охири шаб ва намозу дуо ва истиғфор дар он.
Вақте банда ин хадисро мешунавад бояд талош кунад то аз вақтҳои қабули дуо истифода кунад.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others