- Вусъати раҳмати Худованд бар бандагон, новобаста аз инки инсон чи кор мекунад ва ба чи андоза гуноҳ мекунад чун рӯй ба Худо меорад ва тавба мекунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.
- Мӯъмин умед ба омӯрзиши Худованд дорад ва аз азоби Ӯ метарсад, шитобон ба сӯи тавба рӯй меорад ва ба гуноҳ идома намедиҳад.
- Шартҳои тавбаи дуруст: тарки гуноҳ, пушаймонӣ ва азми бознагаштан ба гуноҳ. Агар тавба аз зулм бар мардум, дар мол, номус, ё ҷони онҳо бошад шарти чаҳорум изофа мешавад, ки иборат аст аз: ҳалолият хостан (талаби ҳалол кардан, пиҳил кардан) аз соҳиби ҳақ ва ё додани ҳаққи ӯст.
- Аҳамияти шинохти Аллоҳ Таъоло, ки бандаро аз масоили динаш огоҳ месозад, ҳаргоҳ гуноҳ кард тавба мекунад, ноумед намешавад ва зиёдаравӣ намекунад.