- Ташвиқи мардум барои омӯзиши таҳорат, бо риояи суннат ва одоби вузуъ ва амал кардан ба он.
- Фазилати таҳорат ва инки (риояи суннат ва одоби он) сабаби каффораи гуноҳони хурд аст, аммо барои гуноҳони кабира бояд тавба кард.
- Шарти рехтани гуноҳон, пурра ва бидуни камбуд анҷом додани таҳорат аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд.
- Каффораи гуноҳон дар ҳадиси мазкур ба шарти дурӣ аз гуноҳони кабира ва тавба аз онон маҳдуд шудааст, Худованд мефармояд: "[Эй муъминон] Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй шудаед, дурӣ кунед, гуноҳон [-и сағиратон]-ро аз шумо мезудоем ва шуморо дар ҷойгоҳи шоистаи [биҳишт] ворид мекунем". (Сураи Нисо: 31)