- Намоз хондан дар қабристон ё миёни қабрҳо ва ё ба сӯи қабрҳо наҳй шудааст, магар намози ҷаноза, ки бо суннат собит аст.
- Манъи намоз ба сӯи қабрҳо, бинобар ҷилавгирӣ аз расидан ба ширк аст.
- Ислом зиёдаравӣ дар мавриди қабрҳо ва беэҳтиромӣ нисбати онро манъ кардааст, пас на ифрот (зиёдаравӣ) шавад ва на тафрит (бепарвоӣ).
- Ҳурмати мусалмон ҳамоно пас аз маргаш низ боқист, чунончи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: (Шикастани устухони мурда монанди шикастани он дар ҳоли зинда буданаш аст).