Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош...
Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки дар хонаи ман ин суханро гуфт: "Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош".
رواه مسلم
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касе ки масъулияте аз умури мусалмононро бар уҳда гирад - кучак бошад ё бузург, масъулияти баланд бошад ё дар сатҳи поин- ва бар онҳо сахтгирӣ кунад ва осонгирию нармӣ накунад, дуо фармуд, ки Аллоҳ ӯро аз ҷинси амалаш подош диҳад, яъне бар ӯ сахтгир бошад.
Ва касе бар онҳо меҳрубон ва осонгир бошад, Худованд бар ӯ меҳрубон ва дар корҳояш осонӣ фармояд.
Hadeeth benefits
Ҳар касе масъулияте аз умури мусалмононро ба уҳда дорад, бояд ба қадри тавон бар онҳо меҳрубон ва осонгир бошад.
Подош аз ҷинси амал аст.
Мизони сахтгирӣ ва ё осонгирӣ он аст, ки мухолиф ба Қуръон ва суннат набошад.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others