- Ин ҳадис асл ва мабнои мароҳили тағйир додани мункарот аст.
- Дар ин ҳадис дастур ба наҳй аз мункарот, ва ба таври тадриҷӣ тағйир доданаш, ба андозаи тавони ҳар шахс аст.
- Наҳй аз мункар як боби муҳим дар дин аст, ки ҳар як фарди мусалмон ба андозаи тавон дар иҷрои он мукаллаф аст.
- Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аз вижагиҳои имон аст, ва имон ҳам дар худ вижагии зиёд ва кам шуданро дорад.
- Яке аз шартҳои наҳй аз мункар донистани ҳукм ва чигуна мункар будани он аст.
- Ва аз шартҳои тағйир додани мункар ин аст, ки: сабаби ба вуҷӯд омадани мункари бузургтар ва норавотар нагардад.
- Наҳй аз мункар дар худ одоб ва шартҳоеро дорад, ки шахси мусалмон бояд аз онҳо бохабар бошад.
- Инкор кардани мункар дар навбати худ ниёз ба зиракии шаръӣ ва илму фаҳмиш дорад.
- Инкор накардани мункар (ҳадди ақал) бо дил, нишонаи заъфи имони шахси мусалмон аст.