- Ин таҳдид на танҳо барои касоне аст, ки дар баландтарин маносиб нишастаанд, балки шомили тамоми касоне аст, ки ҳатто кӯчактарин масъулият бар онҳо вогузор шудааст.
- Ҳар кӣ масъулияте аз умури мусалмонон бар ӯ вогузор шудааст бояд ба насиҳати онҳо бипардозад, дар адои амонат талош кунад ва аз хиёнат барҳазар бошад.
- Вазифа ва масъулият бисёр як амри бузург аст, баробар аст, ки масъулияти калон бошад ё кӯчак, сарпарасти умумӣ бошад ё аз як гурӯҳи хос.