/ Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард.
رواه مسلم

Шарҳ

Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бисёр пойбанд ба зикри Аллоҳ буд ва дар ҳама замон ва макон Аллоҳро ёд мекард.

Hadeeth benefits

  1. Таҳорат ва ё ғусл аз шартҳои зикри Аллоҳ Таъоло нест.
  2. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайваста зикр менамуданд.
  3. Ташвиқ ба бисёр зикр кардани Аллоҳ Таъоло, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) менамуданд, магар дар мавориде, ки зикр дар он манъ шудааст, ба монанди ҳангоми қазои ҳоҷат.