Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад".
رواه البخاري
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки беҳтарини мусалмонон ва волотарини онҳо назди Аллоҳ касе аст, ки тиловат, ҳифз, тартил, фаҳм ва тафсири Қуръонро фаро гирад ва ба он амал кунад ва ончи аз худ кардааст ба дигарон низ таълим диҳад.
Hadeeth benefits
Баёни шарофати Қуръони карим, ки он беҳтарин калом аст, чун он каломи Аллоҳ аст.
Беҳтарин омузанда ҳамон аст, ки ба дигарон низ меомӯзонад.
Омӯзиш ва таълими Қуръон шомили тиловат, фаҳми маонӣ ва аҳкоми он аст.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others