- Фазилати дуо ва инки ҳар касе ба сӯи Аллоҳ дуо мекунад, ӯро гиромӣ ва бузург бидонад иқрор намояд, ки Аллоҳ ғанӣ ва бениёз аст, зеро аз нодор касе чизе намехоҳад. Ӯ шунаво аст, зеро ба сӯи ношунаво дуо карда намешавад, Ӯ карим аст, зеро аз бахил талаб карда намешавад, Ӯ раҳиму меҳрубон аст, зеро золим дуо карда намешавад, Ӯ қодиру тавоно аст, зеро ба сӯи оҷизу нотавон дуо карда намешавад, Ӯ қариб аст, зеро дур намешунавад, ва Ӯ Таъоло дорои бисёр сифатҳои бузург ва зебои дигар аст.