- Манзур аз хешовандӣ, хешовандон аз тарафи падару модар ҳастанд ва ба ҳар андоза, ки хешовандӣ наздиктар бошад ба ҳамон андоза дар робитаи хешовандӣ ва силаи раҳм авлотаранд.
- Подош аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ бо некӣ ва хубӣ пайванди хешовандиро ба ҷой оварад, Аллоҳ дар умр ва ризқи ӯ афзунӣ мебахшад.
- Силаи раҳм боиси вусъати ризқу рузӣ ва дарозии умр аст, агарчи аҷал ва ризқу рузии банда маҳдуд ва мушаххас аст, аммо инҷо мақсуд аз баракат дар умр ва ризқ он аст, ки мумкин аст дар зиндагии худ амалҳои бештар ва судмандтар аз дигарон анҷом диҳад. Ҳамингуна бархе бар инанд, ки мақсуд аз баракат дар умр ва рӯзӣ ба маънои ҳақиқии он аст. Худованд донотар аст.