- Касе қасди анҷоми гуноҳе дар қалби худ дорад ва барои анҷоми он дастбакор шуд (агарчи муваффақ ба анҷом додани он ҳам нашавад) сазовори ҷазо аст.
- Ҳӯшдори шадид аз ҷанг бо мусалмонон ва ваъдаи дӯзах барое касоне, ки даст ба ин амал мезананд.
- Аммо агар ҷанг бо гурӯҳе аз саркашон ва фасодкорони ин уммат бошад, пас шомили ваъдаи мазкур намегардад.
- Ба касе, ки гуноҳи кабира анҷом медиҳад, кофир гуфта намешавад, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду нафари дар ҳоли ҷанг бо ҳамдигарро мусалмон номидааст.
- Агар ду мусалмон бо ҳар навъ силоҳ ва ё василаи дигар дар муқобили ҳам қарор бигиранд ва яке дигариро бикушад, қотил ва мақтул ҳарду сазовори дӯзах ҳастанд. Зикр шудани шамшер дар ҳадиси мазкур барои мисол аст.