- Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба як равиши нек таълим медоданд, ба гунае, ки масъалаҳоро ба шеваи пурсиш баён мефармуданд.
- Адаб ва рафтори неки саҳобагон дар баробари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), чунончи дар посух гуфтанд: Худо ва Паёмбараш беҳтар медонанд.
- Шахсе чун дар мавриди чизе, ки намедонад пурсида шавад, мегӯяд: Аллоҳу Аълам (Худо беҳтар медонад).
- Ҳифзи қавонини шариъат марбут бо ҳифзи ҳуқуқ ва бародарӣ дар ҷомеа аст.
- Ғайбат кардан ҳаром аст, магар дар баъзе аз маворид, ки барои маслиҳати ҷомеа аст, аз ҷумла: дафъи зулм, чунончи шахси мазлум назди касе, ки тавони дафъи зулм ва гирифтани ҳаққи ӯро дорад меравад ва мегӯяд: фалонӣ бар ман зулм кард, ё фалон чунин кореро дар ҳаққи ман кардааст. Ё машварат ва маслиҳат дар мавриди ақди никоҳ, шарикӣ дар мол ва тиҷорат ва ё дар мавриди ҳамсоядорӣ бошад.