- Ҳаққи Худованд, ки бар бандагонаш воҷиб гардонидааст он аст, ки танҳо Худовандро бипарастанд ва чизеро шарики Ӯ Таъоло қарор надиҳанд.
- Ҳаққи бандагон бар Худованд, ки Ӯ Таъоло ба унвони фазл ва неъмат бар худ ниҳодааст, ин аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро азоб надиҳад ва дохили биҳишт гардонад.
- Инҷо муждаи бузурге барои касоне аст, ки танҳо Худовандро мепарастанд ва чизеро бо Ӯ Таъоло шарик қарор намедиҳанд, ва сарнавишташон биҳишти ҷовидон аст.
- Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) пеш аз вафот, аз тарси онки мабодо дар гуноҳи пинҳонкунандаи илм гирифтор нашавад, ин ҳадисро ривоят кардааст.
- Як насиҳат ё огоҳӣ мабнӣ бар адами интишори баъзе аз аҳодис дар миёни баъзе аз мардум аз тарси касоне, ки маънои онро дарк намекунанд. Ин огоҳӣ дар мавриди аҳодисе аст, ки дар он ҳадде аз ҳудуди шариъат ё амале аз амалҳои зарурӣ дар дин набошад.
- Муъминоне, ки даст ба гуноҳ мезананд зери ирода ва машиати Худованд ҳастанд, агар бихоҳад онҳоро азоб медиҳад ва агар бихоҳад онҳоро меомурзад ва сипас сарнавишташон биҳишт хоҳад буд.