- Маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" танҳо Худоро парастидан ва тарки ибодати ғайри Аллоҳ аст.
- Маънои "ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" Имон доштан ба Муҳаммад ва ба ончи, ки ба ӯ нозил шудааст ва инки ӯ охирин паёмбар ба суи башарият аст.
- Гуфтугӯ бо донишманд ва касе ки шубҳа дорад, монанди гуфтугӯ бо нодон нест, бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Муъозро огоҳ намуд, ки "ту назди қавме меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд".
- Барои раҳоӣ аз шак ва шубҳаҳои шубҳаандозон огоҳ будани мусалмон аз умури дини худаш аст, ки он бо талаби илм ба даст меояд.
- Ботил шудани дини яҳудиён ва масеҳиён пас аз биъсати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва баёни инки онҳо аз зумраи наҷотёфтагон дар рӯзи қиёмат нахоҳанд буд, магар инки ислом бипазиранд ва ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон биёваранд.