- Гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва инкори ҳар ончи ғайри Аллоҳ парастида мешавад, шарти ворид шудан ба Ислом аст.
- Мақсуд аз (Ло илоҳа иллаллоҳ) инкори ҳар чи ғайри Аллоҳ парастиш карда мешавад аст, ба монанди бутҳо, қабрҳо ва ғайра ва танҳо Худоро ибодат кардан аст.
- Касе танҳо Худоро ибодат кунад ва дар зоҳир пойбанд ба аҳкоми шариат бошад, бояд ба ҳоли худ гузошта шавад, магар инки аз ӯ хилофи ончи зикр шуд ошкор шавад.
- Мол, хун ва номуси мусалмон ҳаром аст, магар аз рӯи ҳақ.
- Қазоват дар дунё бар асоси зоҳир ва дар охират бар асоси ният ва мақсадҳост.