- Савор кардани Муъоз пушти сари худ аз нишонаҳои тавозуъи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
- Равиши Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар таълим, яъне чанд маротиба садо ва хитоб кардани ӯ, то таваҷҷуҳи ӯро ба ончи мегӯяд ҷалб кунад.
- Аз ҷумлаи шартҳои калимаи шаҳодат бо яқин ва аз қалб гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан Расулуллоҳ" аст.
- Аҳли тавҳид ҳамеша дар оташи дӯзах нахоҳанд буд, агар ба сабаби гуноҳон вориди он шаванд пас аз пок шудан берун карда мешаванд.
- Фазилати шаҳодатайн барои касе ки онро содиқона ба забон меоварад.
- Нагуфтани ҳадис дар баъзе аз маворид, ки боиси фасод шавад ҷоиз аст.