/ Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам

Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам

Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам".
متفق عليه

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имони мусалмон комил намешавад, то инки муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бар муҳаббати модар, падар, писару духтар ва тамоми мардум муқаддам бидорад. Муҳаббати Паёмбар итоат ва пуштибонӣ аз ӯ ва тарки маъсиятро тақозо мекунад.

Hadeeth benefits

  1. Зарурати муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва муқаддам донистани муҳаббати ӯ бар тамоми махлуқот.
  2. Аз нишонаҳои камоли муҳаббат: ҳимоят аз суннати Паёмбари Худо ва нисор кардани молу ҷон барои ӯст.
  3. Муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мусталзими итоат аз авомир, тасдиқи ончи фармудаанд, дурӣ аз ончи нахй кардаанд, тарки бидъат ва пайравӣ аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
  4. Ҳаққи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бузургтар ва мукамалтар аз ҳамаи мардумон аст, зеро ӯ сабаби ҳидояти мо аз гумроҳӣ, наҷот аз оташи дӯзах ва пирӯзӣ дар биҳишт аст.