- Ташвиқ бар садақа додан ва инфоқ дар роҳи Аллоҳ.
- Инфоқ кардан дар амалҳои хайр аз бузургтарин сабабҳои баракат дар ризқ ва афзоиши он аст ва Худованд ба банда дар ивази ончи инфоқ кардааст боз хоҳад дод.
- Ба ин ҳадис, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят мекунад, ҳадиси қудсӣ ё ҳадиси илоҳӣ гуфта мешавад. Лафз ва маънои ҳадиси қудсӣ аз ҷониби Аллоҳ аст, аммо хусусиёти қуръонӣ, ки вижаи худи Қуръони Карим аст дар он нест, чунончи хондани он (монанди Қуръон) ибодат нест ва барои хондани он таҳорат лозим намеояд, ҳамонгуна ки Қуръон дигаронро барои овардан ба мисли он ба чолиш кашидааст нест.