/ Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад...

Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад".
رواه مسلم

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки садақа молро кам намекунад, балки офат ва бадиҳоро дур месозад ва Худованд дар ивази он ба ӯ хайри бузург медиҳад, пас дар садақа афзоиш аст, на коҳиш. Бахшиш дар ҳоли қодир будан барои бозхост ё интиқом, чизе ҷуз қувват ва иззатро намеафзояд. Касе на барои тарс аз касе ва на барои мадоро бо касе ва на барои манфиатталабӣ ва танҳо барои ризои Худованд фурӯтанӣ мекунад Ӯ Таъоло ба ӯ ҷойгоҳи баланд ва иззат медиҳад.

Hadeeth benefits

  1. Хайру саодат ва комёбӣ дар риоя кардани қавонини шариат ва анҷоми амалҳои нек аст, агарчи бархе хилофи онро гумон кунанд.