Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром
Аз Савбон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) чун аз намоз фориғ мешуд се бор истиғфор намуда сипас мегуфт: "Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром" Валид мегӯяд: аз Авзоъӣ пурсидам: истиғфор чигуна аст? Гуфт: бигу: Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ.
رواه مسلم
Шарҳ
Ҳар вақт Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз берун мешуд, мегуфт: Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ. (Яъне аз Худо омӯрзиш металабам)
Сипас бо гуфтани "Бор илоҳо! Ту (аз ҳар айбу нуқсон) солим ҳасти ва саломати аз сӯйи Ту аст, бо баракат ҳастӣ эй соҳиби карам ва азамат" Худовандро ба бузургӣ ёд менамуд. Худованд дар сифоти худ комил ва аз ҳар айб ва нуқс муназзаҳ аст, танҳо аз Ӯ Таъоло аз шарри дунё ва охират амон мехоҳем, Ӯ Таъоло соҳиби азамат ва эҳсон аст, ки ба неъматҳояш дар ҳарду ҷаҳон ба афзунӣ бахшидааст.
Hadeeth benefits
Астағфируллоҳ гуфтан пас аз ҳар намоз ва мунтазам анҷом додани он мустаҳаб аст.
Истиғфор барои комил кардани ноқисиҳо дар ибодат ва ҷуброни (кӯтоҳиҳо дар) тоат ва тақсир дар он мустаҳаб аст.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others