Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо...
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо".
رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни ду саҷда ин панҷ дуо, ки мусалмон ба он бисёр ниёз дорад ва хайри дунё ва охиратро фаро мегирад, мегуфтанд, ки иборатанд аз: талаби мағфират, пӯшонидани гуноҳон ва гузашт аз онҳо, талаби раҳмат, офият аз ҳавасу шубҳаҳо ва беморию дардҳо, талаби ҳидоят аз Худованд ва устуворӣ дар он, талаби илму имон ва амали нек ва моли ҳалол ва покиза.
Hadeeth benefits
Машруъияти ин дуо дар байни ду саҷда.
Фазилати ин дуоҳо, ки шомили хайр дар дунё ва охират ҳастанд.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others