- Ҳифз ва нигоҳ доштани эътиқод ва тавҳид аз ончи онро ноқиз мекунад.
- Истифода аз руқияҳои ширкӣ, тумору муҳраҳо ва таъвизаҳои муҳаббат, ҳаром аст.
- Эътиқод бар инки се амали мазкур аз ҷумлаи асбоб ҳастанд, ширки асғар (ширки хурд) аст, чун ончи ки сабаб буда наметавонад, сабаб қарор додааст. Аммо агар бар ин бовар бошад, ки худи онҳо зарар ва фоида мерасонанд, ширки акбар (ширки бузург) аст.
- Огоҳӣ аз анҷоми амалҳои ширк ва ҳаром.
- Наҳй аз Руқия ва баёни инки он аз ширкиёт аст, магар руқияи шаръӣ, ки он ҷоиз аст.
- Дили банда бояд танҳо ба Худои якто баста бошад, зеро нафъ ва зиён танҳо аз ҷониби Худованди ягона аст, касе ҷуз Ӯ хайр ва некӣ намеорад ва ҷуз Ӯ Таъоло касе бадиро дафъ намекунад.
- Руқия бо се шарт ҷоиз аст:
- 1- Бар ин бовар бошад, ки руқия танҳо як сабаб аст ва нафъ ба дасти Худованд аст.
- 2- Руқия бояд иборат аз оятҳои қуръонӣ, номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ва дуоҳои набавӣ ва машруъ бошад.
- 3- Бояд ба забони қобили фаҳм бошад ва шомили ҷоду ва тилисмҳо набошад.