- Пас аз боридани борон гуфтани "Ба фазл ва раҳмати Худованд барои мо борон борид" мустаҳаб аст.
- Ҳар касе неъмати боридани боронро ба ситораҳо, аз рӯи офариниш ва эҷод, нисбат диҳад, пас ӯ куфри акбар варзидааст (куфри акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад). Аммо агар касе сабаби боридани боронро дар ситораҳо бинад, пас ӯ куфри асғар варзидааст (Куфри асғар инсонро аз дин хориҷ намекунад), зеро инҷо на сабаби шаръӣ вуҷӯд дорад ва на сабаби ҳиссӣ.
- Неъмат дар ҳоли куфрони он сабаби куфр ва дар ҳоли шукр бар он сабаби имондорӣ мегардад.
- Гуфтани: "Ба сабаби ин ё он ситора борон борид" наҳй шудааст, агарчи мақсад аз он вақт ва замон дар назар бошад, чун ин худ як василаи дур шудан аз ширк аст.
- Дили инсон барои ба даст овардани неъматҳо ва дур кардани балоҳо бояд ба Худованд вобаста бошад. (На бар чизи дигаре аз офариниш, монанди ситора, табиат,осмон ва замин)