/ Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад

Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад".
رواه مسلم

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки ҳамду ситоиши банда аз Парвардигораш барои фазлу неъматҳо аз умурест, ки сабаби касби ризояти Аллоҳ мегардад, ба ин гуна, ки чун таомро мехурад мегӯяд: Алҳамду лиллоҳ ва чун менӯшад мегӯяд: Алҳамду лиллоҳ.

Hadeeth benefits

  1. Аз карами Аллоҳи Мутаъол аст, ки ризқро медиҳад ва бо ҳамд гуфтан розӣ аст.
  2. Ризои Худованд бисёр ба осонӣ ба даст меояд, танҳо бо "Алҳамду лиллоҳ" гуфтан пас аз хурдан ва нӯшидан.
  3. Аз одоби хӯрдан ва нӯшидан ин аст, ки пас аз он бигӯяд: Алҳамду лиллоҳ.