- Вазифаи мӯъмин ин аст, ки Аллоҳи Мутаъолро назди мардум маҳбуб созад ва ононро ба кори хайр ташвиқ намояд.
- Даъватгари ростин бояд оқилона бубинад, ки чигуна даъвати Исломро ба мардум мерасонад.
- Мужда додани ба хайр сабаби ба вуҷӯд омадани хушҳолӣ, алоқамандӣ ва итминони мардум ба шахси даъватгар ва ончи ба онон пешниҳод мекунад, аст.
- Аммо сахтгирӣ сабаби танаффур, гурез ва эҷоди шак миёни мардум нисбат ба суханони даъватгар мегардад.
- Вусъати раҳмати Худованд, ки бар бандагонаш дини тасомуҳ ва шариати осонро писандидааст.
- Осонгирӣ, ки дар ҳадиси мазкур ба он тавсия шудааст, ҳамон аст, ки машрӯъият дорад.