Меҳрубонӣ дар ҳар чизе буд онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳамсари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Меҳрубонӣ дар ҳар чизе буд онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад".
رواه مسلم
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки меҳрубонӣ, бурдборӣ ва нармӣ дар гуфтор ва дар кирдор ҳамаро некутар ва зеботар мегардонад ва эҳтимоли расидан ба ниёз ва ҳоҷати шахсро наздиктар мекунад.
Номеҳрубонӣ ва зиштрафторӣ сабаби бад шудан ва зиштӣ дар ҳар кор аст, ки эҳтимоли расидани шахс ба ҳадафашро боздорад ё роҳи расидан ба онро сахт ва душвортар созад.
Hadeeth benefits
Ташвиқ ба рафтори нек ва меҳрубонӣ.
Меҳрубонӣ ва нармӣ мардро зиннат мебахшад ва сабаби бурдборихо дар корҳои динӣ ва дунявии ӯ мегардад.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others