/ Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад

Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад

Аз Абудардо (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуд: "Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад".
رواه الترمذي وأحمد

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе аз обурӯй ва шаъну шарафи бародараш дар ғиёби ӯ дифоъ кунад ва нагузорад ба ӯ иҳонат ва бадӣ расад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат азобро аз ӯ дур месозад.

Hadeeth benefits

  1. Сухан нагуфтан дар мавриди номус ва шарафи мусалмон.
  2. Подош аз ҷинси амал аст, ҳар касе аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ оташи дузахро аз ӯ дур месозад.
  3. Ислом дини бародарӣ ва ҳимоят аз ҳамдигар аст.