- Фазлу бузургии Абубакри Сиддиқ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ва инки ӯ беҳтарини саҳобагон ва шоистатарини онҳо барои хилофат баъд аз вафоти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буданд.
- Бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо аз корҳои мункари умматҳои пешин аст.
- Қарор додани қабрҳо ҳамчун макон барои ибодат ё намоз гузоштан назди он ё ба сӯи он, ё бино кардани масҷид ва қубба болои он, аз бими воқеъ шудан дар ширк, манъ шудааст.
- Ҳушдор аз зиёдаравӣ ва ғулув дар ҳаққи солеҳон ва бузургон, зеро он муҷиби бурдани инсон ба сӯи ширк аст.
- Хатари ҳар ончи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз он барҳазар доштааст, чунончи панҷ шабонарӯз қабл аз реҳлаташ бар он таъкид фармуданд.