- Наҳй аз муҷозоте ки бештар аз ҳад (-и шаръӣ) бошад.
- Худованд бандагонро ба чизе, ки бар зиёни онҳо тамом мешавад, амр нафармудааст.
- Зарар расонидан бар худ ва бар дигарон, бо забон бошад ва ё амал, ҳаром аст.
- Муҷозот аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ зиён расонад Худованд ба ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ душворӣ ба мардум орад Худо бар ӯ душворӣ меорад.
- Яке аз қоидаҳои шариъат ин аст, ки "Зарар бартараф карда мешавад". Шариат зарарро қабул надорад, ва зарар расонидан бар дигаронро инкор мекунад.