- Наҳй аз маҳрум сохтани хонаҳо аз намоз ва ибодати Аллоҳ Таъоло дар онҳо.
- Манъи сафар ба қасди зиёрати фақат қабри Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), зеро ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро дастур ба дуруд фиристодан намуданд, ки он дар ҳар куҷое аз дунё бошем ба ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мерасад, аммо сафар ба қасди зиёрати масҷиди набавӣ ва намоз хондан дар он ҷоиз аст.
- Ҷашнгоҳ гирифтани қабри Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва зиёрати бардавоми он ба таври махсус ва дар замони махсус, ва зиёрати ҳар қабри дигаре, ноҷоиз ва ҳаром аст.
- Машрӯъияти салом ва дуруд фиристодан бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ ба ӯ бод) далели иззат ва каромати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди Парвардигор аст.
- Чун тарки намоз назди қабрҳо барои саҳобагон амри муқаррарӣ шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз нагузоштани намоз дар хонаҳо наҳй фармуданд, то хонаҳо низ монанди қабристоне набошанд, ки дар он намоз хонда намешавад.