- Зиёдаравӣ аз меъёри шаръӣ дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳон, боиси парастиши онҳо ба ғайр аз Аллоҳ мегардад, бинобар ин бояд аз ҳаргуна васила, ки ба ширк мерасонад барҳазар буд.
- Ба қасди ибодат ва ё бузургдошти қабрҳо рафтан, новобаста аз он ки соҳиби қабр аз солеҳон ва дӯстони Аллоҳ бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест.
- Бино кардани масҷид бар қабрҳо ҳаром аст.
- Хондани намоз назди қабр, агарчи масҷид ҳам онҷо бино нашуда бошад, ҳаром аст, ба ҷуз намози ҷаноза назди қабре, ки бар ӯ намози ҷаноза хонда нашуда бошад.