- Бузургдошти суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), низ монанди Қуръон аст,ки мавриди такрим қарор гирифта ба он амал карда мешавад.
- Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) итоат кардан аз Аллоҳ аст ва нофармонӣ аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), нофармонӣ кардан аз Аллоҳ аст.
- Исботи ҳуҷҷат будани суннат ва рад бар мункирони он.
- Касе аз Суннат, бо иддиои амал кардан танҳо ба Қуръон, рӯй гардонад, ба ин маъност, ки ӯ аз Қуръон ва Суннат ҳарду рӯй гардонидааст ва дар даъвои худ, ки пайравӣ аз Қуръон мекунад, дурӯғгӯе беш нест.
- Яке аз нишонаҳои нубуввати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додан аз чизе аст, ки дар оянда воқеъ хоҳад шуд, ва ҳамон гуна, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта буд иттифоқ афтод.