Ҳар кӣ моҳи рамазонро аз рӯи имон ва барои дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ моҳи рамазонро аз рӯи имон ва барои дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад"
متفق عليه
Шарҳ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар касе моҳи рамазонро аз рӯи имон ба Аллоҳ ва бовар доштан ба фарзияти он ва аҷру подош, ки дар он Худованд барои рӯзадорон арзонӣ доштааст, рӯза бидорад ва ҳадафи ӯ танҳо барои Худо, на аз рӯи риё ва худнамоӣ, бошад, гуноҳони гузаштаи ӯ омӯрзида мешавад.
Hadeeth benefits
Фазилати ихлос ва аҳамияти он дар рӯза доштани моҳи Рамазон ва дигар амалҳои нек.
Share
Use the QR code to easily share the message of Islam with others